Шаҳодатномаи барнома.

М А Ъ Л У М О Т Н О М А
оид ба барномаи компютерии «Коргузори электронӣ»

Мақсади лоиҳа

Дар замони муосир мо шоҳиди татбиқи васеи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳаёти ҷомеаи феълӣ мебошем. Агар дар солҳои аввали пайдоиш технологияҳои компютерӣ асосан барои иҷрои ҳисобкуниҳои мураккаби илмӣ истифода шуда бошанд, ҳоло компютерҳо дар корҳои марбут ба нигоҳдорӣ, коркард ва пешкаш намудани иттилоот ба намуди зарурӣ вазифаи асосиро иҷро менамоянд. Новобаста аз фаъолият технологияҳои иттилоотӣ барои донишҷӯён, муаллимон, муҳосибон ва умуман кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳои гуногун воситаи зарурии корӣ гаштаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти хоҷагии халқи кишвар ҷиҳати истифодабарии технологияҳои инноватсионӣ якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» аз 16 апрели соли 2012, №822, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри 2014, №468), Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №227), Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри 2011, №643).
Тазаккур бояд дод, ки дар муосир талабот ба технологияҳои иттилоотӣ фузун мегардад. Барои ҳар як соҳаи хоҷагии халқи кишвар зарур аст, ки фаъолияти кории худро тавассути барномаҳои компютерӣ сабук гардонад.
Ҷиҳати ғанӣ гардонидани фазои иттилоотӣ бо барномаҳои тоҷикӣ, истифодаи самараноки иқтидори технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти ташкилоту муассисаҳои кишвар дар суханрониҳои Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ишора шудааст ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат нисбати ин масъала аз мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ низ масъулияти ҷиддӣ тақозо мегардад.
Дар ин замина, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба корҳои шӯъбаи коргузорӣ барномаи шабакавии автоматикунии раванди коргузорӣ – барномаи компютерӣ таҳти унвони «Коргузори электронӣ» бо забони тоҷикӣ тартиб дода шудааст. Барномаи мазкур барномаи компютерии шабакавӣ маҳсуб меёбад, ки ҷиҳати автоматикунии раванди корҳои ҳуҷҷатгузории шӯъбаи коргузорӣ ба таври комплексӣ имконият медиҳад. Барнома бо мақсади иҷроиш ва татбиқи бандҳои Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон, барои гузаштан ба сатҳи ҷаҳонии ташкили равандҳои корҳои ҳуҷҷатгузорӣ таҳия шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Барномаи мазкур аз моҳи сентябри соли 2014 инҷониб дар муҳити шабакавии корпоративии (шабакаи дохилӣ – www.tgu.tj) донишгоҳ фаъол буда, аз ҷониби кормандони сохторҳои донишгоҳ бомуваффақият истифода шуда истодааст.
Барои ворид шудан ба барнома номи истифодабаранда (Логин) ва сиркалима (Парол) лозим аст. Имкониятҳои асосии барнома:

  • аз назар гузаронидани рӯйхати ҳуҷҷатҳои (мактуб, ариза, пешниҳод ва ғ.) воридшуда бо нишондоди рақаму санаи бақайдгирӣ, номи дафтари шӯъбаи коргузорӣ, ки дар он ҳуҷҷати мазкур ба қайд гирифта шудааст, намуди ҳуҷҷат, мазмуни ҳуҷҷат, номи сохтор ё муассисае, ки ҳуҷҷатро ирсол кардааст, ному насаби корманде, ки ҳуҷҷатро ирсол кардааст, мӯҳлати иҷроиши талаботи ҳуҷҷат ва сохторе (одатан шӯъбаи коргузорӣ), ки ҳуҷҷатро қабул намуда, ба барнома ворид ва ба сохтори ниҳоӣ (иҷрокунанда) ирсол намудааст;
  • ба таври муфассал аз назар гузаронидани ҳуҷҷатҳои воридшуда, навиштани ҷавоб вобаста ба иҷроиши талаботи ҳуҷҷат, ба зиммаи дигар сохтор вогузор намудани иҷроиши талаботи ҳуҷҷат ва навиштани эзоҳҳо оид ба иҷро шудан ё нашудани талаботи ҳуҷҷат;
  • аз назар гузаронидани ҳолати иҷроиши ҳуҷҷатҳои ба сохтор воридшуда ё аз сохтор ирсолшуда;
  • ҷустуҷӯи ҳуҷҷат вобаста ба рақами бақайдгирӣ;
  • мавҷудияти бойгонии ҳуҷҷатҳои электронии ворид ва содиршуда бо нишондоди миқдори умумии ҳуҷҷатҳо, миқдори ҳуҷҷатҳои иҷрошуда ва иҷронашуда;
  • иваз намудани ном ва сиркалимаи истифодабаранда;
  • тамос бо таҳиягарон – барномасозон оид ба ҷиҳатҳои техникии кори барнома ва ғайраро истифода бурдан мумкин аст.

Хулоса барномаи компютерие, ки пешниҳод мешавад, ҷиҳати автоматикунии раванди корҳои ҳуҷҷатгузории шӯъбаи коргузорӣ барномаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
Барномаи мазкур барои коркарди фаврии маълумот оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва осонкунии кори кормандон хеле қулай буда, боз имкон медиҳад, ки маълумотҳо дар хотираи компютер ба муддати дуру дароз сабт карда шавад.

 

Тарзи истифодабарии барнома

Барномаи таълифнамудаи мо вобаста аз ӯҳдадориҳои касбӣ ва вазифаи кормандони шӯъбаи коргузории донишгоҳ якчанд равзанаҳои корӣ дорад. Сараввал қайд кардан зарур аст, ки ин барнома бояд дар шӯъбаи коргузории донишгоҳ насб карда шуда, истифодода бурда шуданаш зарур аст. Маҳз дар ҳамин ҳолат мутамарказии коркарди маълумотҳои шӯъбаи коргузории донишгоҳ ба амал меояд. Барнома дар компютери асосӣ аз тарафи мудири шӯъбаи коргузории донишгоҳ пурра назорат карда мешавад. Кормандони дигар низ ин ё он қисматҳои барномаро истифода мебаранд. Бинобар ин барои шахси мутасаддӣ Сиркалима (Парол) дода мешавад. Ҳангоми воридшавӣ ба интерфейси WIN32-и барнома равзанаи асосии он кушода мешавад, ки шакли зеринро дорад:


Маҳз дар ҳамин оина шахси мутасаддӣ (дар ин ҷо Истифодабаранда) Сиркалима (Парол) – ро ворид намуда, ба барнома дохил мешавад.

Шакли асосии барнома.


Шакли асосӣ – ин шакле мебошад, ки барои идоракунии барнома вазифаи асосиро мебозад. Мавриди зикр аст, ки оинаи барномаи мазкур тугмачаҳои зеринро доро мебошад:

  • Хисоботҳо
  • Қайди ҳуҷҷатҳо
  • Соз кардан (Настройка)
  • Маълумот дар бораи барномасоз

Дар ин ҷо тугмачаи асосӣ ин «Қайди ҳуҷҷатҳо» мебошад, ки ин тугмачаро дар вақти пахш кардан шакли қайди ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ тасвир мешавад. Мо бо ин шакл метавонем тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуққиро ба анбори барнома дохил намоем ва ба шахсони масъул тариқи электронӣ вазифагузорӣ намоем. Бо воситаи шакли мазкур корманди шӯъбаи коргузори чунин оморҳоро муайян карда метавонад:

  • Чанд маротиба аз ин намудани ҳуҷҷати электронӣ дастрас кардаи иҷрокунанда;
  • Иҷрокунанда дар кадом сана ва соати чанд имзои электронии худро гузоштааст;
  • Иҷрокунанда ин ҳуҷҷатро кадом сана ва соати чанд иҷро кардааст;

Ҳамчунин, дар «Шакли асосӣ» тугмачаи «Ҳисоботҳо» мавҷуд мебошад, ки баъд аз пахш кардани ин тугмача ба рӯи экрани корӣ ин шакли ҳисобот вуқӯъ мегардад ва мо метавонем бо воситаи ин шакл тамоми ҳисоботҳои мухталифро бо тарзи қулай ва осон тартиб диҳем.


Ҳамчунин дар рӯи «Шакли асосӣ» тугмачае бо номи «Соз кардан (Настройка)» мавҷуд мебошад, ки баъди пахш кардани ин тугмача боз як шакл бо номи «Шакли соз кардани барнома ва ворид кардани маълумотҳо (Справочник)» ба рӯи экран ҳосил мегардад ва мо метавонем бо воситаи ин шакл маълумотҳое, ки барои анбори маълумотҳои сохторҳо, истифодабарандагон, намуди соҳаи китоб ва намуди дараҷаи китобро дохил мекунем.


Тугмачае, ки бо номи «Маълумот дар бораи барномасоз» инъикос ёфтааст, дар рӯи «Шакли асосӣ» мавҷуд мебошад, баъди пахш кардани ин тугмача мо метавонем доир ба барномасоз маълумоти мухтасар гирем.


Бояд қайд намуд, ки барномаи мазкур аз ду интерфейс иборат мебошад.

  • Интерфейси WIN32
  • Интерфейси WEB.

Интерфейси WIN32-ро танҳо кормандони шӯъбаи коргузории донишгоҳ истифода бурда метавонанд. Интерфейси WEB-ро бошад ҳам кормандони коргузории донишгоҳ ва ҳам сохторҳои раёсати донишгоҳ истифода бурда метавонанд, ки онро чунин шарҳ додан мумкин аст:
Сомонаи барномаи «Коргузори электронӣ» - www.korguzor.tj аз чунин блокҳо иборат мебошад:

  • Блоки баннерӣ
  • Блоки меню
  • Блоки рӯйхати коргузориҳои нав
  • Блоки футер.

Дар «Блоки баннерӣ» логотипи когузории электронии барнома ҷойгир карда шудааст.


«Блоки меню» ба 2 банд ҷудо карда шудааст, ки банди аввал аз 7 меню ва банди дуюм аз 2 меню иборат мебошад. Банди аввал дар поёни блоки баннерӣ ҷойгир мебошад, ки он аз чунин менюҳо иборат аст:

  • Саҳифаи аввал
  • Ҷустуҷӯи ҳуҷҷат
  • Қабули ҳуҷҷати нав
  • Бойгонӣ
  • Профил
  • Тамос
  • Баромад

Саҳифаи аввал


Дар саҳифаи аввал дар сутуни имзои электронӣ калимаи «Имзо» мавҷуд мебошад, ки дар ҳолати пахш намудани мушак ба болои ин калима барнома имзои электронии истифодабарандаро ба анбори маълумот сабт менамояд. (Санаи ва вақти имзоро сабт менамояд.)

Расми «Сабти имзои электронӣ»

Расм «Баъд аз гузоштани имзои электронӣ»

«Ҷустуҷӯи ҳуҷҷат» – менюи мазкур барои дарёфти ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи шӯъбаи коргузорӣ ба анбори маълумоти барномаи мазкур сабт карда шудааст, хизмат мекунад.

Расми саҳифаи «Ҷустуҷӯи ҳуҷҷат»

«Қабули ҳуҷҷати нав» – менюи мазкур барои бо зуддӣ инъикос намудани ҳаҷҷатҳои наве, ки ба масъулин вазифагузорӣ карда шудаанд хизмат мекунад.

 

Расми саҳифаи «Қабули ҳуҷҷати нав»

Расми саҳифаи «Иҷрои ҳуҷҷат»

«Бойгонӣ» – менюи мазкур барои инъикос намудани рӯйхати ҳамаи санадҳои меъюрию ҳуқуқие, ки ба шахси масъул вазифагузорӣ шудааст, хизмат мекунад.

Расми саҳифаи «Бойгонӣ»

«Профил» – дар меню мазкур оид ба шахси масъул маълумоти пурра дода шудааст ва шахси масъул метавонад баъд аз ворид шудан ба саҳифаи мазкур сиркалимаи (парол) худро иваз намояд.

Расми саҳифаи «Профил»
«Рӯйхати воридшавӣ» – бо воситаи менюи мазкур истифодабарандагон метавонанд, кай ва аз кадом компютер ба барномаи мазкур воридшударо дида метавонанд. Ин амал ба истифодабаранда имкон медиҳад, ки назорати воридшавии худро бо воситаи саҳифаи мазкур муайян менамояд.


Расми саҳифаи «Рӯйхати воридшавӣ»

«Ивази сиркалима» – бо воситаи менюи мазкур истифодабарандагон метавонанд, сиркалимаи худро иваз намоянд.


Расми саҳифаи «Ивази сиркалима»
«Тамос» – бо воситаи менюи мазкур истифодабарандагон метавонанд, фикру дархостҳои хешро ба шӯъбаи коргузории донишгоҳ иброз намоянд.

Расми саҳифаи «Тамос»

«Баромад» – бо воситаи менюи мазкур шахси масъул аз саҳифаи барномаи мазкур мебарояд.

Расми саҳифаи «Баромад»

 

Банди дуюм дар қисмати чапи сомонаи мазкур ҷойгир буда, он аз ду меню иборат аст:

  • Саҳифаи аввал
  • Тамос бо админ.

Татбиқи барнома ва натиҷаҳои он

Барномаи мазкур дар шӯъбаи коргузории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таври эксперименталӣ истифода бурда шуд. Кормандони шӯъбаи коргузории донишгоҳ ба он баҳои баланд дода, фикру дархостҳои худро баҳри боз ҳам баланд шудани он иброз доштанд. Ҳамчунин бо воситаи барномаи мазкур кормандони шӯъбаи коргузории донишгоҳ фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд.

Қисмати молиявии лоиҳа

Барои татбиқкунии барномаи мазкур дар шӯъбаи коргузории донишгоҳ мавҷудияти ҳатмии компютерҳо зарур аст. Миқдори компютерҳоро худи шӯъбаи коргузории донишгоҳ вобаста аз миқдори корманд муайян мекунад. Насби барнома ва истифодабарии он ба таври шартнома муайян карда мешавад. Татбиқи барнома дар шӯъбаи коргузории донишгоҳ якум ба сарфаи вақт, дуюм ба тарзи суръатноки коркарди ахбор, сеюм ба сифати баланди ҳуҷҷатнигорӣ оварда мерасонад, ки ҳисоби он асосан нисбӣ ба роҳ монда мешавад. Умуман сарфаи вақт худ ин ба дастоварии фоидаи молӣ ва маънавист!

Хулоса

Дар замони ҳозира мо шоҳиди татбиқи васеи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳаёти ҷомеаи муосир мебошем. Агар дар солҳои аввали пайдоиш технологияҳои компютерӣ асосан барои иҷроиши ҳисобкуниҳои мураккаби илмӣ истифода шуда бошанд, ҳоло компютерҳо дар корҳои марбут ба нигоҳдорӣ, коркард ва пешкаш намудани иттилоот ба намуди зарурӣ вазифаи асосиро иҷро менамоянд. Новобаста аз фаъолият, технологияҳои иттилоотӣ барои донишҷӯён, муаллимон, муҳосибон ва умуман кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳои гуногун воситаи зарурии корӣ гаштаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир фаъолияти кории ташкилоту муассисаҳои мухталиф бо воситаи технологияҳои ҳозира автоматикунида шавад.
Албатта аз автоматикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ барои барномасозон он қадар фоидаи баланд ба мисли автоматикунонии соҳаҳои дигари иқтисодӣ ба даст наояд ҳам, аммо фурсати он расидааст, ки тавассути мутахассисони ватанӣ ин муаммоҳои ҷойдошта ҳал карда шавад. Дар нақша гирифта шудааст, ки оянда бо назардошти таклифу дархостҳои мутахассисон ба барнома тағироту иловаҳо ворид карда шуда, он боз ҳам такмил дода шавад.
Дар охир чунин хулосае баровардан мумкин аст: барномае, ки тартиб дода шудааст барои сабук кардан, бо сифати хуб ва бо зуддӣ тартиб додани ҳисоботҳои мухталифи шӯъбаи коргузории донишгоҳ мавқеи арзандаро мегузорад.
Боиси тазаккур аст, барномаи мазкурро дар тамоми шӯъбаҳои коргузории мактабҳои олӣ истифода бурдан мумкин аст.